20/12/2023
Дар JS агар кореро баъди муддати вақте иҷро кардан хоҳед, setTimeout-ро истифода бурда метавонед. Агар хоҳед, ки функсияе баъди муддатзамоне дубора(ё чандбора) фаъол шавад, пас setInterval дар хизмати шумост.😉
#фурӯзон #сомонасозӣ
08/12/2023
Bootstrap маҷмӯи шаклу унсурҳои тайёри CSS ва функсияҳои JavaScript-ро фаро гирифта, раванди сохтани фронтенд(зоҳир)-и сомонаҳоро осон менамояд. Бо имконоти Bootstrap дар сомонаи расмии он - getbootstrap.com пурра шинос шуда метавонед.
#фурӯзон #сомонасозӣ
20/11/2023
Бо дигар имконоти Git дар сомонаи расмии он git-scm.com/doc шинос шавед.
#фурӯзон #барномасозӣ
14/11/2023
Ҳангоми истифодаи рекурсия эҳтиёт бояд шуд. Агар дар дохили функсия шарти анҷомёбӣ нишон дода нашуда бошад(дар мисоли овардашуда - if n == 1), функсия пайваста аз нав фаъол шуда, ба кори барнома халал расонида метавонад.
#фурӯзон #барномасозӣ #рекурсия
01/11/2023
WebSocket - ин як шакли иртиботи сервер бо муштарӣ(телефон, компютер ва ғайра) аст. Ба фарқ аз HTTP иртиботи сервер бо муштарӣ тавассути WebSocket дуҷониба буда, имконияти пайвастшавии доимиро дорад.
Масалан, барои иртибот бо сервер ба воситаи HTTP аввал аз ҷониби муштарӣ дархост фиристода мешавад ва баъдан сервер ба муштарӣ маълумотро равон мекунад ва баъди ин алоқа қатъ мегардад. Ҳамин тариқ, барои гирифтани маълумоти нав ба сервер боз дархост равон кардан лозим аст. Ба воситаи WebSocket алоқаи сервер бо муштарӣ доимӣ мебошад. Яъне муштарӣ бо сервер танҳо як бор пайваст мешавад ва дар давоми ин пайвастшавӣ бемаҳдудият иртибот мекунад. Ин гуна шакли иртибот бештар дар бозиҳои онлайн ва чатҳо истифода бурда мешавад.
#фурӯзон #барномасозӣ
19/10/2023
DRY (Don’t Repeat Yourself) яке аз принсипҳои асосии барномасозӣ мебошад, ки ба такрор накардани код нигаронида шудааст. Ба ҷои такроран навиштани як код, сохтани функсия тавсия дода мешавад.
#фурӯзон #барномасозӣ
13/10/2023
Барои санҷидани кори ҳама гуна API сервиси Postman хеле қулай аст. Ба воситаи Postman ба API-ҳои гуногунсохт аз қабили HTTP, REST, SOAP, GraphQL ва WebSocket дархостҳои гуногун фиристода ҷавоби онро коркард карда метавонед. Сомонаи расмии Postman - postman.com.
#фурӯзон #барномасозӣ
11/10/2023
API(Application Programming Interface) ин маҷмӯи қоидаву алгоритмҳоест, ки дар сервер ҷойгир буда пайвастшавии як барномаро ба барномаи дигар таъмин мекунад. Мисол, Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) API месозад, ки аз он қурби ҷории долларро дидан мумкин аст. Дигар бонкҳо барои дар сомонаашон нишон додани қурби доллар, ки БМТ муайян кардааст аз ин API истифода мекунанд. Бо ин роҳ агар БМТ қурбро иваз кунад, он дар тамоми сомонаҳое ки маълумотро аз API-и БМТ мегиранд, иваз мешавад. Яъне дар ин ҷо API пайвастшавии сомонаҳои бонкҳои дигарро ба пойгоҳи маълумоти БМТ таъмин месозад.
#фурӯзон #барномасозӣ
23/09/2023
Java забони барномасозиест, ки ба воситаи он барои таҷҳизот ва платформаҳои гуногун барнома сохтан имкон дорад. Барои ҳамин Java-ро дӯст медоранд ва зиёд истифода мебаранд. Java дар раддабандиҳои забонҳои барномасозӣ мавқеи назаррас дорад (🥈ҷои дуюм дар раддабандии IEEE Spectrum (2020) ва TIOBE (2021)). Java аз ҷониби Ҷеймс Гослинг барномасози ширкати Sun Microsystems бунёд шудааст. Дар аввал ин забон Oak ном дошт, ки баъдан ба муносибати навъи қаҳваи Java номашро иваз карданд. Бинобарин дар нишонаи ин забон қаҳваи гарм тасвир ёфтааст.
Нӯши ҷонатон барномасозони Java 😉.
#фурӯзон #барномасозӣ